zoofirma.ru

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи васеи ситоди шаҳрӣ ҷиҳати омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои ситод, даъватшавандагон ва соҳибкорон таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид.

Дар ҷаласа раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ ҷиҳати омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, зикр намуд, ки мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми декабри соли 2017 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар қаламрави Ватани азизамон, аз ҷумла дар ҳудуди шаҳр Гулистон ба ифтихор ва истиқболи арзандаи ин ҷашни муқаддаси миллӣ корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ бо вусъати азим идома доранд. Мардуми шаҳру шаҳракҳои Гулистон сарҷамъона бо азму иродати қавӣ барои ободкорӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ дар суханронии худ ҷиҳати омодагии шоиста ва ҷиддии гулистониён тазаккур дода, аз масъулин, соҳибкорон ва ашхоси саховатманд даъват ба амал овард, ки бо иштироки фаъолона ва эҳсоси баланди ватанпарварона дар тақвияти корҳои созандагӣ ширкат варзида, масъулияти баланди ватандорӣ зоҳир намоянд.

Намояндаи масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази “Тоҷикстандарт” Муқимӣ Давлатов зимни баромади худ оид ба корҳои ба сомон расонидашуда, вазъи раванди сохтмон, бунёд ва таъмиру тармими иншооти ҷашнӣ сухан ронда, дар алоҳидагӣ онҳоро таҳлилу таҷзия намуд. Қайд гардид, ки нақшаҳои бунёди иншооти ҷашнӣ бояд дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода дода шаванд.

Дар интиҳои ҷаласа мубодилаи афкор сурат гирифта, соҳибкорзан Турсуной Зокирова баромад намуда изҳор дошт, ки барои истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар дар соҳили “Баҳри тоҷик” як Маркази равоншиносӣ ва осоишгоҳ бо 80 ҷойи корӣ барои 200  нафар истироҳаткунандагон бунёд хоҳад намуд. Соҳибкор аз шаҳраки Адрасмон Абдусалом Хангелов зикр намуд, ки дар деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон барои сокинон як ҳаммомхонаи замонавӣ, сартарошхона сохта, инчунин барои таъмини аҳолӣ бо оби полезӣ дар масофаи 4 км хати қубури обгузар месозад. Директори МҒД “Коллеҷи тиббӣ”-и шаҳри Гулистон Далер Тошматов тазаккур дод, ки то иди фархундаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар доираи “1300 рӯзи зарбдор ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шафати кӯчаи Истиқлоли маркази шаҳр барои 90 нафар муҳассилини коллеҷ Хонаи донишҷӯ ба истифода дода мешавад.