zoofirma.ru

6 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо имконият ва шароити муассисаи нави таълимӣ аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо маблағи 17 млн. сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷурахонов дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои 1500 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст. Бинои хуштарҳу замонавии муассиса аз се ошёна иборат буда, дар он 30 синфхонаи фаннӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, хонаи муаллимон ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир шудаанд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассиса таълиму тадрис бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ сурат гирифта, баҳри баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва забономӯзии онҳо аз Федератсияи Россия омӯзгорон ҷалб гардидаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот  24 августи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, бино бо назардошти талаботи  меъмории муосир ва сатҳу сифати баланд бунёд гардидааст.

Синфхонаҳои таълимӣ бо техникаву таҷҳизоти насли нав ва аёнияти фаннӣ таъмин гардидаанд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,23 гектар бунёд шуда, дар он  қариб 40 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ва мутахассисони варзида ба хонандагон таълим медиҳанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80 ҳамчунин дорои синфхонаҳои алоҳида ва муҷаҳҳаз бо техникаву технологияи муосир барои гузаронидани дарсҳои физика, химия, биология ва омӯзиши касбу ҳунар буда, синфхонаҳои фаннӣ бо аёнияти дарсӣ ва тахтаҳои электронӣ таъмин гардидаанд.

Барои касбомӯзии толибилмон дар муассисаи мазкур синфхонаҳои таълими меҳнат бунёд ёфтаанд. Бо истифода аз шароити мусоид онҳо метавонанд дар ин ҷо ба омӯзиши ҳунарҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ ва ғайра машғул шаванд.

Толибилмон бо дарки баланди моҳияти омӯзиши касбу ҳунар ва муҳим будани чунин ҳунарҳо дар зиндагӣ, ба Пешвои миллат барои муҳайё намудани шароити муосири таълиму омӯзиш арзи сипос карданд.

Ҳамчунин дар таълимгоҳ синфхонаи омӯзиши информатика ва техникаи компютерӣ бо 29 компютер муҷаҳҳаз буда, 5 адад тахтаи электронӣ дар синфхонаҳо насб карда шудаанд. Шароити фароҳамовардашуда имконият медиҳад, ки хонандагон бо компютеру дигар дастгоҳҳои замонавӣ ҳамаҷониба илмҳои муосирро омӯзанд.

Зимни суҳбат хонандагон ифтитоҳи муассисаи таълимиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар, махсусан Сарвари давлат дар рӯзҳои аввали Соли нави хониш арзёбӣ карда, барои дастгириву таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба Пешвои миллат изҳори сипос намуданд.

Маҷлисгоҳи муассиса дорои 140 ҷои нишаст буда, бо шароити муосир ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Ошхонаи муассисаи таълимӣ барои 64 нафар пешбинӣ шуда, бо яхдон, мизу курсӣ ва зарфу лавозимоти зарурӣ таъмин шудааст.

Таълимгоҳ дорои 1 утоқ барои омӯзгорон, ҳуҷраи техникӣ ва нуқтаи тиббӣ буда, барои толибилмон китобхона бо феҳристи зиёди китобҳои фанниву бадеӣ ва осори пурарзиши фарзандони фарзонаи миллат бунёд ёфтааст.

Толори варзишии муассиса барои баргузории тамоми бозиҳои варзишӣ, тамрин ва обутоби бадан нигаронида шуда, дар он ба хонандагон навъҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ, аз қабили гӯштини миллӣ, волейбол, футбол, бозии теннис ва ғайраро мутахассисони соҳибтаҷриба таълим медиҳанд. Ҳамзамон дар толори варзишӣ ду ҳуҷраи оббозӣ ва ду утоқ барои ивазкунии либос бунёд ёфтааст.

Дар шафати Муассисаи таълимӣ майдонча барои бозии футбол сохта шуда, атрофи иншоот бо гулу буттаҳои ороишӣ сабзазор карда шудааст.

Барои таъмин намудани синфхонаҳои таълимӣ бо гармӣ системаи махсуси гармитаъминкунӣ бо таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳамчунин муассиса бо як адад трансформатор таъмин мебошад.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро барои соҳибмаълумот намудани насли наврас, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба камол расондани онҳо, хонандагонро бештар барои аз худ кардани донишҳои муосир, махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав ҳидоят карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.