zoofirma.ru

Сафари кории Раиси шаҳр ба НавгарзанМатлубахон Амонзода, Раиси шаҳр ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба Ҷамоати шаҳраки Навгарзан сафарикорӣ анҷом дод.

Раиси шаҳр дар ҷараёни сафараш нахуст ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 омада, аз вазъи таълиму тарбия, шароити кории омӯзгорону таҳсили муҳассилин ошно гашт. Бояд зикр кард, ки мактаби мазкур аз лиҳози тарҳи лоиҳа нодиртарин маҳсуб ёфта, бо тамоми талаботҳои зарурӣ ҳанӯз ним аср қабл бунёд ёфтааст ва албатта, имрӯз ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад. Ҳайати омӯзгорон дастуру супоришҳои Раиси шаҳрро ҷиҳати мувофиқ ба талаботи рӯз-дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тадриси хонандагон ва ахлоқи ҳамида самимона пазируфтанд.

Баъди шиносоии пурра аз ҳолати кунунии шаҳрак Матлубахон Амонзода дар ин ҷо шаҳрвандонро бо арзу шикоят, пешниҳоду дархосташон ба ҳузури хеш пазируфта, дар ҳаллу фасли масоили гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат кард ва маслиҳатҳои муфид дод.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати дастгирии пешниҳоди Раиси шаҳр оид ба корҳои созандагӣ соҳибкори маҳаллӣ Исломқул Раҳмонқулов тасмим гирифт дар ободонии роҳи миёни Навгарзан-Пунук саҳми муносиб гузошта, бо трактораш пурра фаъолият менамояд.

Дар поёни сафари кориаш Раиси шаҳр ба хотири вусъат бахшидан ба  кори ободонӣ ба  масъулини Ҷамоати шаҳраки Навгарзан  вазифаҳо гузошта, иҷрояшро дар  мӯҳлатҳои муайянгашта тақозо кард.