zoofirma.ru

Мулоқоти Раиси шаҳр бо бартарафкунандагони садамаи ЧернобилТаърих шоҳиди барҷастаи рӯйдодҳо ва ҳодисаҳои гуногуни сиёсиву фарҳангии ҷомеаҳои башарист. Яке аз чунин фалокатҳо рух додани садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил 26 апрели соли 1986 мебошад.

Ба ин муносибат мулоқоти Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода бо бартарафкунандагони садамаи Чернобил доир гардид. Ба хотири қурбониёни он садамаи фалокатбор дар оғози ҷамъомад лаҳзаи хомӯшӣ эълон карда шуд. Раиси шаҳр зимни баромади хеш таъкид дошт, ки солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар шаҳраки Припят, воқеъ дар дурии 12 км аз шаҳри Чернобили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Украина аввалин Нерӯгоҳи барқи атомӣ сохта, ба истифода дода шуд. Нерӯгоҳ бо маводи атомӣ кор карда, миқдори зиёди қувваи барқ истеҳсол менамуд. Аммо ин дер давом накард.

26 апрели соли 1986 дар блоки чоруми нерӯгоҳ ногаҳон суръати сӯзиши маводи атомӣ афзуда, таркиш ба амал омад. Минбаъд блоки чорум идоранашаванда гардид. Маводи атомӣ ҳамон месӯхту метаркид. Ба ҳаво моддаҳои радиоактивӣ паҳн мешуданд, ки миқдорашон аз бомбаҳои атомии соли 1945 дар шаҳрҳои Нагасаки ва Хиросимаи Япония таркида якчанд маротиба зиёд буд. Нерӯгоҳ танҳо 15 декабри соли 2000 пурра аз кор монд. Ин садамаи хавфноктарини аср ҷони ҳазорон нафарро рабудаву, ҳазорони дигарро маъюб намуд.

Баъдан аз ҷониби Раиси шаҳр бартарафкунандагони садамаи Чернобил бо мукофотҳои пулӣ сарфарозонида шуданд. Бахтиёр Қурбонов, сарвари ташкилоти ҷамъиятии бартарафкунандагони садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил ва аъзои ташкилот Мавлуда Нуриддинова ба Раиси шаҳр барои ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ нисбати чернобилчиён арзи сипос намуданд.