zoofirma.ru

Дар толори маркази хизматрасонии “Тавҳид” ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсияи шаҳрро бо иди касбиашон шодбош намуд. Зикр гардид, ки роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.

 

Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ он доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои онҳоеро, ки сари гаҳвораи ин ниҳоди муҳими давлатӣ буданд, бошарафона идома медиҳад. Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст.

Бинобар ин, вазъи риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар маҷмӯъ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ вобастагии мустақим дорад. Пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва нуфузи байналмилалии он аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки он низ ба сатҳу сифати фаъолияти кормандони маҷомоти милитсия ва иљрои содиќонаи вазифањои хизматии онҳо робитаи бевосита дорад.

Ба ифтихори таҷлили Рӯзи милитсия бо Амри Раиси шаҳри Гулистон гурӯҳи калони кормандон ва собиқадорон бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардиданд. Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ба ҳозирин барномаи марғуби консертиро манзур намуданд.