zoofirma.ru

ФутболБа пешвози 70-солагии Иди Ғалаба байни дастаи синфҳои МТМУ-и №14 мусобиқаи футбол доир гардид. Дастаи «Ғалаба» бо бартарии зиёд нисбати ҳарифон мақоми аввалро ишғол намуд. Дастаҳои «Умед» ва «Истиқлол» соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм шуданд. Озар Саодатдинов, Хайём Бойназаров, Шоҳназар Азизов, Шерзод Азимов, Баҳодур Боймирзоев, Идрис Азизов, Мубин Аҳмадқулов, Ҳасан ва Ҳусейн Латифовҳо чун беҳтарин бозингарон муаррифӣ гардиданд.

Мусобиқа бо иқдоми Аълочии маорифи Тоҷикистон, узви Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон Саидҳасан Саодатдинов баргузор ва ба ғолибон аз ҷониби ӯ туҳфаҳо супорида шуд.