zoofirma.ru

Бахши кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 20 майи соли равон дар толори варзишии «Истиқлол» бо иштироки намояндагони корхонаву муассисаҳо ва Ҷамоати шаҳракҳо озмуни шаҳрии «Падар, модар ва ман аз оилаи варзишгар»-ро гузаронид.

Мақоми аввал насиби оилаи Мавлонназаровҳо аз Ҷамоати шаҳраки Сирдарё ва ҷойҳои дуюму сеюмро оилаҳои Тӯйчиевҳо аз МВБН ва Воҳидовҳо аз Маркази саломатӣ ноил гардиданд.

Озмуни номбурда аз зумраи чорабиниҳо  ба ифтихори «Соли оила» ба шумор меравад.