zoofirma.ru

Дар Кохи «Истиқлол»-и шаҳри Гулистон бахшида ба 1-уми Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) чорабинӣ-аксия бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ баргузор гардид. Элмурод Пардаев сардори Маркази зидди ВНМО дар шаҳр дар бораи оқибатҳои даҳшатовари бемории ВНМО  ба хонандагон маърӯза намуд.

Сипас байни дастаҳои шартӣ аз рӯи 4 намуд: саҳнача, иншои беҳтарин, гӯшаи беҳтарин ва варақаи беҳтарин озмун гузаронида шуд.  Муҳассилини гимназияи №1-и ба номи Бобоҷон Ғафуров, МТМУ№1 -и шаҳр, намояндагони маркази саломатии шаҳраки Чоруқдаррон  дар шатрҳои намоиши саҳнача, варақаи беҳтарин ва гӯшаи беҳтарин, Мадина Мирзобурҳонова, донишҷӯйи коллеҷи тиббӣ аз рӯйи шарти иншои беҳтарин ғолиб дониста шуда, ба онҳо туҳфаҳои қимматнок супорида шуданд. Дар охир санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳои марғубашон табъи ҳозиринро болида намуданд.