zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати кории Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид.

Дар машварати корӣ, ки бо иштироки муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони воҳидҳои зерсохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту идораҳо ва раисони маҳаллаҳо сурат гирифт, вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли равон ва омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода оид ба вазъи соҳаҳои гуногун иҷрои сифатноки буҷет, таъмини истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, вазъи пардохти андозҳо,таъмини саривақтии пардохти музди маош ва нафақа, иҷрои дурнамо ва уҳдадориҳои нақшаҳои истеҳсолии корхонаҳоли саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷараёни сохтмони коргоҳҳои нав, фаъолияти бахшҳои ташкилотҳои бонкӣ дар ҳудуди шаҳр, вазъи минтақаи саноатӣ, тартиб ва низоми бозорҳо дар ҳудуди шаҳру шаҳракҳо, ташкили ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, фаъолияти Шӯрои шаҳрсозӣ, сармоягузорӣ ва хусусигардонӣ, таъмини фаъолияти бомароми муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ дар фасли зимистони солҳои 2018-2019, пешгирии ҷинояткорӣ, вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷудошавии оилаҳо, ҳолати пахши шабакаҳои телевизиони ҷумҳуривӣ ва вилоятӣ, таъмини  либоси мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, танзими ҷашну маросим дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ҳамзамон масъулин вазифадор карда шуданд, ки барои тақвият бахшидан ба бунёди майдону толорҳои варзишӣ, ободу зебо гардонидани хиёбону гулгаштҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва дигар корҳои ободонӣ дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо истифода аз имконият ва захираҳои мавҷуда корбариро ҷоннок намоянд.