zoofirma.ru

Ситора Алиқулова хонандаи  синфи 9-уми МТМУ №1-и шаҳр  буда, ба хондани китобҳои бадеӣ шавқи зиёд дорад. Ӯ аз хурдӣ ба мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул  буда то инҷониб беш аз 180 китобҳоро хонда баромада, мазмун ва муҳтавои ин асарҳоро хуб медонад. Соли ҷорӣ дар озмуни шаҳрии  «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ҷои якумро ишғол намуда, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифт.

Дар озмуни вилоятӣ Ситора Алиқулова ҷои сеюмро ишғол намуда, бо Сипоснома, мукофотпулӣ ва туҳфаи Раиси вилояти Суғд сазовор гардид. Аҳли эҷодии “Соҳил”  Ситораро бо ин дастоварди беназир шодбош мегӯянд. Аҳсан, Ситора!