zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси васеи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба вуқӯъ пайваст. Доир ба масъалаи якум роҷеъ ба ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар давоми соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2019 раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён маърӯза намуд.

Зикр гардид, ки ҲХДТ тӯли  24 соли фаъолият зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаро ба марҳилаҳои сифатан нав расонид. ҲХДТ тавассути ҳидоятҳои ибратомӯзи Роҳбари соҳибфитрату накӯсиришт, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нерӯи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассиру мондагор дорад. Вобаста ба ин сафи аъзои ҳизб дар шаҳр дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби бонувон ва ҷавонони лаёқатманд 269 нафар зиёд гардида, теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ ба 42 адад расидааст.

Дар ҷаласаи васеъ инчунин нақшаи фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр барои нимсолаи якуми соли 2019, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул ба сафи ҳизб, доир ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ баррасӣ гардида, доир ба масоили баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар охир ба 14 нафар аъзои нави ҳизб билетҳои ҳизбӣ, ба собиқадорону пешоҳангони ҳизб сипоснома ва туҳфаҳо супорида шуд. Ҳамзамон, ду нафар собиқадорони ҳизб дар ин рӯз аёдат карда шуданд.