zoofirma.ru

Дар расонаҳои хабарӣ баҳсу мунозираҳо оид ба пешниҳоди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон љиҳати аз љониби занони тољик напушидани либоси ба фарҳангу миллати мо бегона, аз љумла сатр ё русарӣ зиёд ба назар мерасад. Банда ҳам вобаста ба ҳолати ба амал омада мехоҳам фикри аќидаҳои худро пешниҳод намоям.

Бояд ќайд намуд, ки мо мардуми тољик расму анъанаҳои худро љиҳати пушидани либоси миллӣ вобаста ба минтќаҳои кишварамон аз солҳои пешин доштем ва ин анъанаҳои гузаштагони мо то барҳамхурии собиќ Иттиҳоди Шуравӣ амал мекард. Баъди соҳибистиќлол гардидани Љумҳурии Тољикистон ва кушода шудани  рафту омади шаҳрвандони мо ба хориљи кишвар аллалхусус ба давлатҳои мусалмонӣ, аз тарафи занони тољик пушидани либосҳои ба миллати мо бегона сатру ҳиљоб ба ќавле  «муд» шуд.  Саволе ба миён меояд, ки чаро занони давлатҳои мусалмонӣ либосҳои миллии мардуми тољикро ба бар накарданд?. Ҳол он ки вобаста ба минтаќаҳои Тољикистон занони тољик ҳам сифр либосҳои миллии мусалмониро ба бар мекунанд ва ин анъана аз бибию модарони мо то кунун ба мерос мондаанд, онҳо низ худро мусалмон меҳисобиданд аз рўи талаботҳои шариати ислом либос мепушиданду мепушанд.

Ба аќидаи банда занони ба ном «занҳои тољики нави мусалмон» бо ин роҳ мехоҳанд худро реклама карда ба атрофиён нишон бидиҳанд, ки гуиё онҳо љаҳонгаштаанду дунёро дидаанд ва бояд чунин тарзи либосҳоро ба бар намоянд. Вале бехабар аз онанд, ки бо ин восита таърихи худро анъанаҳои бибию модарони гузаштаашонро поймол карда ба рекламаи сатру ҳиљоби ба мардуми тољик бегона машѓул шуда ба соҳибкорони ин давлатҳо миллионҳо маблаѓҳои пулӣ фоида меоранд. Оё занони муҳтарами мо медонанд, ки барои соҳибкорони давлатҳои исломӣ талаботҳои шариати ислом  муҳим нест, муҳим онаст, ки онҳо бояд аз камсаводӣ ва бефарҳангии мо истифода бурда ин либосҳои гаронарзиши бесифатро ворид сохта бо ин роҳ љайби худро пур кунанд. Аз љониби Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон низ танҳо бо маќсади пешгирӣ намудани  пушидани либосҳои бегонаи сатру ҳиљоб аз тарафи занони тољики мо мебошад ва то ҳол ягон далел ба ќайд гирифта нашудааст, ки аз љониби маќомотҳои дахлдор русарии зани тољик ба зўрӣ гирифта шуда бошад. Модарону хоҳарони мо бояд ба ин масъала диќќати љиддӣ диҳанд ва барои равнаќи расму анъанаҳои бибиву модарони гузаштаи мо вобаста ба пўшидани сару либоси миллӣ кушиш ба харљ диҳанд на балки сатру ҳиљоби барои мардуми бегонаро таќлидкорӣ кунанд.

Аммо баъзе аз занону мардони бехираду каљфаҳми   мо, дар мисоли Воҳидова Ф. ва С.Садриддин дар сомонаҳои иљтимоӣ оиди масъалаи мазкур ба баҳсу мунозира пардохта, масъалаи мазкурро аз љиҳати сиёсӣ баҳо дода истодаанд.   Яке аз инҳо Файзинисо Воҳидова мебошад, ки дар сомонаи интернетӣ маќолаи ў вобаста ба ин масъала ба чоп расидааст. Охирин ќайд кардааст, ки «Агар воқеъан ин тасмими давлат ҷиддӣ аст, пас чунин маҳдудкуниҳо дағалона вайрон кардани ҳуқуқи занон ба озодии интихоби либос ва озодии эътиқод ба хисоб меравад…». Ба аќидаи ман Ф.Воҳидова, ки худ дар умрашон ягон маротиба  сатру ҳиљоб он тараф истад  либоси миллии тољикиро дуруст ба бар накардааст,  ба ќавле «аз пашша фил сохта»,  бо ин восита мехоҳад худро дар байни занон ҳамчун «ѓамхор» нишон бидиҳад. Аммо мардум аллакай аз ҳилаю найранги ин бону хабардоранд ва ба суханпардозию  сафсатабозии ў эътибори љиддие  намедиҳанд.

Ҳамзамон,  Воҳидова Ф. ва С.Садриддин бояд донанд, ки занони бошарафи тољик дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ ва ҳоло низ бо либосҳои миллӣ, бо руймол ба кор мераванд ва аз љониби ягон роҳбари корхона ё шахси масъул далели  аз сар гирифтани руймоли коргарзан  ба ќайд гирифта нашудааст.   Барои ҳамин лоф задани чунин ашхос аккос задани сагро мемонад ва мардуми сарбаланди тољик ҳељ гоҳ ба аќидаҳои онҳо фирефта намешаванд.

Дар охир чунин ќайд карданиям, ки бо маќсади ба танзим даровардани пушидани либоси миллӣ, пешгирии ба бар кардани либосҳои ба занҳои мо бегона, аз љумла сатру ҳиљоб, дар Љумҳурии Тољикистон амалӣ гаштани чунин ќонуни ба танзимдароваранда айни муддаҳо буда, ташаббускори ин ќонун низ модарону хоҳарони бофарҳангу  миллатдўсти тољик, ки аз расму оин ва таърихи бойи худ огаҳи доранд,  ба ҳисоб мераванд ва Тољикистон макони рекламаи сатру ҳиљоби бегонаи  аљнабӣ нест.

 

Парвини Олимдухт, соҳибкор