zoofirma.ru

Таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдаконҲамасола дар саросари дунё 1-уми июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ба ин муносибат барномаи идона бо иштироки Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода барои 400 нафар кӯдакон доир гашт.

Дар ибтидо Раиси шаҳр кӯдаконро ба муносибати ҷашнашон табрик намуда, ба кӯдакон тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.

 

Таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдаконҲамзамон аз ҷониби ҳаваскорони санъати мактабҳои мусиқии шаҳр аксия таҳти унвони «Аз дил ба дилҳо» гузаронида шуд, ки маблағҳои ғуншуда барои кӯдакони маъюби шаҳр масраф мегарданд.