zoofirma.ru

«Асрори хуфта» дар ҚайроққумФилм баландмазмун бошаду ба қалби тамошобин роҳ ёбад, қаҳрамонҳои он ҳам шинохта мешаванд.

Филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Гирдоб» ва монанди инҳо агар Саидҷон Қодириро чун коргардони соҳибкасб байни бинанда муаррифӣ карда бошад, пас Беҳрӯзҷони Саид ҳамчун ҳунарманди хушсалиқа ва боистедод махсусан бо иҷрои нақши Меҳрубон дар филми «Дар орзуи падар» зуд шуҳратёр гардид.

Рӯзҳои 2 ва 3-юми июн дар Кохи Истиқлол филми нави «Асрори хуфта» мавриди тамошо қарор гирифт. Мавзӯи асосии филм ба тозагии забон, Қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», эҳёи ҳунарҳои мардумиро фарогир аст. Баъди анҷоми филм байни тамошобинон ва коргардону ҳунарманд мубодилаи афкор сурат гирифт.