zoofirma.ru

Дастаи яккачини футболи шаҳр ба дастоварди калон соҳиб гардид. Дар мусобиқаи минтақаи суғдии Ҷоми федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 дастаи шаҳрамон «Гулистон» хеле маҳорати хуб нишон дода, дар гурӯҳи «А» ҷои якумро бо 7 хол ишғол намуд.

Дастаи футболи «Гулистон» дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Эсхата» ва «Равшан»-и нохияи Зафаробод қувваозмоӣ намуд. Натиҷаи бозиҳо чунинанд: «Гулистон»-«Хуҷанд» - 4:0, «Гулистон»-«Эсхата» - 4:4  ва «Гулистон»-«Равшан»- 3:2.