zoofirma.ru

«Тарроҳи беҳтарин»

Бахшида ба эълон гардидани «Соли 2015-Соли Оила» ва ташвиқу тарғиби либосҳои миллӣ дар «Кохи Истиқлол»-и шаҳри Қайроққум озмуни таррроҳи беҳтарин гузаронида шуд. Дар озмун ҳамаи тарроҳони шаҳр бо духти либосҳои миллӣ аз рӯи 3 шарт-бачагона, рӯзмарра ва идона ҳунари худро пешкаши мардум намуданд.

Ҳайати ҳакамон мақоми ифтихориро ба тарроҳ аз маркази шаҳр Санавбар Азимова лоиқ донистанд. Ҷойҳои минбаъда насиби Умеда Эшонҷонова аз шаҳраки Сирдарё ва Мақсуда Мамадқулова аз шаҳри Қайроққум гардид.