zoofirma.ru

Дар маркази фароғатӣ-фарҳангии “Манижа” ба муносибати 30-солагии баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди шӯравӣ аз хоки Афғонистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ҷанговарони интернатсионалистро ба ин муносибат аз номи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода табрик намуда, доир ба фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалист ва муҳофизони сохти конститутсионӣ, саҳми онҳо дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа сухан ронд. Сипас раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Каромат Қосимова ҷанговарони интернатсионалистро шодбош намуд.

Дар вазъи мутантан ба 41 нафар ҷанговарони интернатсионалист медалҳои ҷашнии “30-солагии баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди шӯравӣ аз хоки Афғонистон” ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои иштирокчиён барномаи марғуби консертиро таҳти унвони “Тоҷикистон – Ватани маҳбуби мост” манзур намуданд.