zoofirma.ru

Дар толори ҷамоати шаҳраки Адрасмон мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо аҳли ҷамоатчигии шаҳраки кӯҳканон доир гардид.

Мулоқотро иҷроркунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшида зикр намуд, ки ҳадафи вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии яке аз шаҳракҳои калонтарин таҳлилу баррасии натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ, раванди корҳои созандагиву ободкорӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ дар ҳудуди шаҳрак ва се деҳоти он – Зарчашма, Гулдара ва Гулшан дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат мебошад.

Сараввал сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Хаёл Ҳакимов доир ба пурзӯр намудани раванди корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар байни сокинон, пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии аҳолӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ сухан ронд. Сипас прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи як Сафаралӣ Самизода роҷеъ ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳибкорӣ, ҳунарҳои мардумӣ баромад намуд. Сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Гулистон полковники милитсия Темур Шарифзода доир ба пешгирии ҷинояткорӣ ва робитаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ ҳарф зад.

Доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода аз масъулини соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва хоҷагии коммуналӣ пурсиш ба амал оварда, доир ба иҷрои нақшаҳо, ҳамоҳангсозии раванди созандагӣ дар шаҳрак ва деҳоти он, рушди ҳунаҳои мардумӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, кор бо ҷавонон, пешгирии падидаҳои номатлуб, тақвияти кор бо сокинон, танзими фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва монанди ин мушаххас вазифагузорӣ карда шуд.