zoofirma.ru

Дар мавзӯи «Ҳифзи Ватан - қарзи шаҳрвандии мост» дар ҳудуди шаҳр дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид.

Дар баргузории хониши сиёсӣ тарғиботчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуманнон Одинаев номзади илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Хуршед Назаров номзади илмҳои иқтисод, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Хиромон Қодирова мутахассиси шуъбаи кор бо сомона ва васоити ахбори оммаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, якҷоя бо тарғиботчиёни маҳаллӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар маркази саломатӣ, МТМУ №1 ва ҷамоати шаҳраки Сирдарё баромадҳо карданд.

Дар шаҳракҳо бошад хониши сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ ба роҳ монда шуд.