zoofirma.ru

Дар Қасри фарҳанги «Истиқлол»-и шаҳри Гулистон ба ифтихори 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана ва консерти идона баргузор гардид.

Дар қисми расмии чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов ба ҳозирин табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро манзур намуд. Сипас иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода гулистониёнро бо 26-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард. Зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тӯлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Артиши Миллӣ ҳамчун нерӯи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд. Бо шарофати ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Артиши Миллӣ ба қувваи боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.

Сипас дар вазъи мутантан ба собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони байналмилал, афсарону сарбозон Сипоснома ва туҳфаҳои арзишманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.

Санъаткорони бахши фарҳанг барномаи марғуби консертиро таҳти унвони «Ҳомиёни Ватан» бо иштироки санъаткорони шаҳру вилоят манзури иштирокчиён намуданд.