zoofirma.ru

Дар толори бахши фарҳанги шаҳр ба ифтихори Рӯзи Модар бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон чорабинии адабӣ-бадеӣ ва ҷамъомади ботантана таҳти унвони “Сипоси Модар” баргузор намуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода табрикоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи Модар манзур намуд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён доир ба мақсад ва ҳадафҳои чорабинӣ, бузургдошт ва мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа сухан ронд.

Ба панҷ нафар модарон ва бонувони фаъоли ҳизб дар вазъи тантанавӣ сипоснома ва туҳфаҳо супорида шуданд. Ду нафар модарон тавассути тамоси телефонӣ дар ҳузури ҳозирин бо Рӯзи модар муборакбод карда шуданд.

Кормандон ва хонандагони фаъоли китобхонаи марказии шаҳр дар васфи модар шеърҳо қироат намуданд. Ҳамчунин, ҳунармандони театри “Коно ва Доно”, ҳофизони бахши фарҳанг ва ҳаваскорони санъати муассисаҳои таълимии шаҳр бо саҳначаҳои ҷолибу рангин табъи ҳозиринро хуш намуданд.

Бояд қайд кард, ки аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ҳизб ба 450 нафар модарон табрикотро ба ифтихори Рӯзи Модар аз номи ҳизбиён  дастрас намуда, се нафар модарон собиқадорон аз тарафи кумитаи иҷроияи ҳизб аёдат карда шуданд.