zoofirma.ru

Дар толори бахши фарҳанги шаҳри Гулистон ба ифтихори эълони “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунаҳои мардумӣ” озмуни шаҳрии “Ҷавондухтари ҳунарманд” ташкил ва баргузор гардид. Дар озмун ҷавондухтарон аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Сирдарё ва Чоруқдаррон иштирок намуданд. Ҷавондухтарони ҳунарманди гулистонӣ аз рӯи шартҳои пухтани навъи гуногуни нон, омодасозии таоми миллӣ ва намоиши маҳорат ва малакаи ҳунармандӣ, аз қабили дӯзандагӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, атласбофӣ ва монанди ин байни ҳам қувва озмуданд.

Дар ҷамъбасти озмун ҷойи якум ба ҷавондухтари ҳунарманди ҷамоати шаҳраки Сирдарё Адиба Бобоҷонова насиб гардида, мавсуф ҳамзамон роҳхатро ба озмуни вилоятӣ гирифт. Ҷойи дуюм ва сеюм мутаносибан насиби ҷавондухтарони ҳунарманд аз шаҳраки Чоруқдаррон Майрамой Абдуқодирова ва намояндаи шаҳраки Адрасмон Зуҳро Бобоева гардид.

 

Ба ғолибон ва иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ диплому туҳфаҳои арзишманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Гулистон