zoofirma.ru

Қарори

Раиси шаҳри Гулистон

аз 28-уми марти соли 2019 №74

Дар бораи даъвати иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси

вакилони халқ шаҳри Гулистон, даъвати панҷум

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Қ А Р О Р М Е К У Н А М:

1. Иҷлосияи ҳаҷдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум 10 апрели соли 2019, соати 09:00 даъват карда шавад.

2. Ба баррасии иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шавад:

2.1. Дар бораи тасдиқ намудани Фармони Президентити Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1227, аз 6 марти соли 2019 “Дар бораи ба вазифаи Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин намудани Фирдавс Шарифзода”;

2.2. Дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакили навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии “Балхӣ” №2;

2.3. Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2012, №201 “Дар бораи тасдиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” дар шаҳри Гулистон;

2.4. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ;

2.5. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Восифӣ» №31, Ахмедов Равшан Аҳмадҷонович оид ба ваколатҳои вакилӣ;

2.6. Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар шаҳри Гулистон;

2.7. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2019;

2.8. Тасдиқ намудани қарорҳои Раиси шаҳр.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳр Оқилзода Ғ.А. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Ҳакимзода А.Қ. гузошта шавад.

 

Раиси шаҳр                           Фирдавс Шарифзода