zoofirma.ru

Армуғон ба Рӯзи Ваҳдати миллӣДар доираи нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати «Соли 2015-Соли идомаи роҳҳои обод» бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода сохтмони пули мошингузар ки бараш 7 метр дарозиаш 12 метр дар шаҳраки Консой оғоз ёфт.

Сарпарасти иншооти номбурда ҶМ ТКММ «Апрелевка» сарвараш вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Бахтиёр Маҷидов мебошад. Барои бунёди пул 380 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд ва он то Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.