zoofirma.ru

КОНСОЙ. Дар шаҳрак доир ба сафарбар намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин раванд чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ-ватандӯстӣ, вохӯриву мулоқот бо ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ ва волидайн мунтазам роҳандозӣ карда мешаванд. Натиҷаи ташкили дурусти кори тарғиботиву ташвиқотӣ аст, ки аз ин шаҳраки кӯҳконон теъдоди ҷавонон бо амри дил ба адои қарзи Ватан-модар сол аз сол меафзояд.

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург, неъмати бебаҳои тоҷикистониён ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидаем. Хизмат ба Ватан қарзи ҳар як фарзанди садоқатманд ва бо нангу ори Ватан аст. Беҳуда намегӯянд, ватандорӣ - имондорӣ аст.

Бо ин мақсад дар ҷамоати шаҳрак гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ суръат гирифт. Гусели наваскарон ботантана бо иштироки волидайни даъватшавандагон барпо гашта, дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур 6 нафар наваскарон – Сироҷиддин Мадаминов, Шербой Норчаева, Абдуллобек Аминов, ислом Исматов, Бегалӣ Абдуназаров ва Ҷонибек Маҳмадшоев бо ихтиёри худ азми адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ намуданд.

Дар ин чорабинӣ кормандони ҷамоати шаҳрак, инчунин собиқадорони меҳнат, муҳофизони сохти конститутсионӣ, волидони даъватшудагон, ҷавонони фаъоли шаҳрак иштирок доштанд.