zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки муовини Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссари ҳарбӣ, раёсати молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар фаъолон баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар давоми се моҳи аввали соли 2019 ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар давоми се моҳи аввали соли 2019 мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Маҳбубахон Шодизода маърӯза намуд. Қайд карда шуд, ки дар давоми семоҳаи аввали соли 2019 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 39,4 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 101,3 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет зиёда аз 501 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 11,4 миллион сомонӣ ё 106,9 фоиз ба иҷро расонида шуда, зиёда аз нақша 737 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд. Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷот 11 миллиону 120,5 ҳазор сомонӣ иҷро гашт, ки баробар ба 100,9% мебошад. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 783 миллиону 493,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 102,3 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 17,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 28,7 фоизро ташкил дод. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 74 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Дар давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ба иқтисодиёти шаҳр 14, 9 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақим ҷалб гардидаанд. Аз он 2, 9 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва 12, 0 миллион сомонӣ сармоягузориҳои дохилӣ мебошад. Дар маҷмӯъ дар тӯли се моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи истироҳатии шаҳр 6824 нафар истироҳат намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи истироҳаткунандагон 312 нафар зиёд мебошад. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар семоҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 7 миллиону 415,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз он 1 миллиону 509,9 ҳазор сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд. Дар маърӯза инчунин дигар паҳлӯҳои соҳаҳои хоҷагии халқ мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода доир ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, вазъи иҷрои нақшаи андоз ва буҷети маҳаллӣ, пардохти музди маош ва истифодаи қувваи барқ, раванди даъвати баҳорона, масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, ҷалби духтурони соҳибихтисос, ҳолати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо, натиҷаҳои баргузории чорабиниҳои варзишии шаҳрӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ дар байни варзишгарони ҷамоати шаҳракҳо, вусъати корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ пурсиш ба амал овард.

Доир ба масъалаи дуюми ҷаласаи фаъолон дар бораи рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки тибқи нақша дар давоми соли 2018 ва семоҳаи якуми соли равон дар ҳудуди маркази шаҳр ва шаҳракҳои тобеи Гулистон 90 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 259 миллиону 552 ҳазор сомонӣ сохтмон, бунёд, тармим ва азнавсозӣ гардидааст.

Дар кори ҷаласаи фаъолони шаҳр роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Шарифҷон Ахмедов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи фаъолони шаҳр бо вазифагузориҳои мушаххаси Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳаи навбатӣ анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Гулистон