zoofirma.ru

Пешниҳоди ҷойҳои корӣШуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ 12-юми июн дар майдони бахши фарҳанг ярмаркаи ҷойҳои холии кориро гузаронид. Намояндагони ташкилоту корхонаҳо аз имконияти мусоид истифода бурда мутахассисони заруриро ба кор қабл намуданд.

-Гузаронидани чунин чорабинӣ ба мо ҷавонон имкон медиҳад, ки аз рӯи тахассус кор ёбем. Имрӯз ман соҳиби ҷойи корӣ гардидам. Миннатдории хешро ба созмондиҳандагони чорабинӣ баён медорам,-хушҳолона андешаҳояшро баён дошт, сокини кӯчаи ба номи Ҳамзалиев Шаҳноза Назарова.

Зиёда аз 15 ташкилот дар ярмарка ширкат намуданд.