zoofirma.ru

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иштироки аъзои Шӯро, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати  шаҳракҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф, соҳаи коммуналӣ ва хизматрасонӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Сафаралӣ Самизода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Зикр гардид, ки вируси норасоии масунияти одам  сол ба сол ба яке аз мушкилоти глобалӣ табдил меёбад. Бояд гуфт, ки соли 2017 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020»-ро ба тасвиб расонд. Ҳадафи асосии Барнома таъмини дастрасии баробар ва умумии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошад.

 

Ёрдамчии прокурори шаҳр  Зафар Хизматуллозода роҷеъ ба рафти иҷрои талаботи Кодекси тандурурстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа дар самти муқовимат бо ВНМО ва бемории гепатити «В» ва «С» дар давоми соли 2018 ва семоҳами аввали соли 2019 маърӯза намуд.

Сипас иштирокчиёни ҷаласа иттилооти муовини сартабиби Бемористони маркази Ӯғулой Воҳидова, директори Маркази бемории паҳншудаи норасоии масунияти шаҳр Элмурод Пардаев ва мудири шуъбаи бемориҳои сироятии БМШ Вафо Бобокалонов ҷиҳати вазъи кунунии ВНМО ва бемориҳо  сироятӣ дар ҳудуди шаҳр, ташкили кор, омори ин самт ва корҳои пешгирӣ ва муқовимат алайҳи ин бемориҳоро шунида, мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷиҳати густариш ва тақвияти корҳои муқовимат бо ин бемориҳо, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз тарафи аъзои Шӯро ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Шӯро доир ба масоили баррасишуда қарори дахлдор қабул намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон