zoofirma.ru

Бо мақсади ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи граҷданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2019 санаҳои 18-20-уми апрели соли 2019 дар ҳудуди вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Гулистон машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи сатҳи вилоятӣ дар мавзӯи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳо ҳангоми ба амал омадани заминларзаи 6-7 балла» оғоз гардид.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо ин мақсад таҳти раёсати Раиси шаҳр, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷаласаи ситод баргузор шуда, масъулини дахлдор вазифагузорӣ карда шуданд.

Зикр гардид, ки ҳадафи машқҳои мукаммал ин баланд бардоштани омодагии мақомоти идоракунӣ, ҳайати шахсии комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, комиссияи эвакуатсионӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати шахсии ҳамаи мақомоти дахлдор оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар вақти рух додани ҳолатҳои фавқулодда, мустаҳкам намудани дониши назараиявӣ ва мукаммал намудани малакаи амалии ҳайати шахсии мақомоти идоракунӣ мебошад.

Роҷеъ ба тартиби гузаронидани амалиётҳо машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Гулистон сардори Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, подполковник Суҳроб Маҳмудов суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми ҷаласаи ситод Раиси шаҳри Гулистон, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр Фирдавс Шарифзода ба масъулин доир ба дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ дастуру супоришҳои мушаххас  дод.

Машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр то санаи 20-уми апрел идома мекунад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри
Гулистон