zoofirma.ru

Тибқи нақша Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Рушди деҳот-омили муҳими пешравии ҷомеа» дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ ба роҳ монда шуд.

Дар баргузории хониши сиёсӣ тарғиботчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд: Муҳаммад Шарифов, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, сармуаллими кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқ иштирок намуда, якҷоя бо тарғиботчиёни маҳаллӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба мавзӯи рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳои маркази шаҳр баромадҳо карданд. Дар шаҳракҳо бошад хониши сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ ба роҳ монда шуд. Зикр гардид, ки давоми солҳои охир татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ ба рушди деҳот заминаи мусоид ва имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади фаъолияти бонизоми сохторҳои давлатӣ дар минтақаҳои аҳолинишин чанд ноҳия ва ҷамоату деҳоти нав таъсис ва марказҳои маъмурии онҳо бунёд ёфтанд.

Вобаста ба ин, дар маҳфилҳои сиёсӣ иштирокдорон низ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар партави сулҳу якдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ баҳри амалисозии нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси вилоят оид ба эълон намудани «1300-рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми муносиби худро мегузоранд.

Рӯзи ахбори сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои он баргузор гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Гулистон