zoofirma.ru

Комиссияи фавқулодаи зидди эпидемиологӣИмрӯз, 15 июн дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссияи фавқулодаи зидди эпидемиологӣ оид ба натиҷабардории омодагии нуқтаҳои савдо, бозор ба мавсими тобистон дар минтақаҳои фароғатӣ, соҳили обанбор, осоишгоҳҳо ва урдугоҳҳои кӯдакон доир шуд. Ҷаласа таҳти сарварии муовини Раиси шаҳр Ғайратҷон Оқилов гузашт.

Дар равиши ҷамъомад сардухтури Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологӣ Шаҳноза Наҷмиддинова ва сардухтури идораи байторӣ Абдувосит Олимов роҷеъ ба вазъи кунунии нуқтаҳои савдо, хӯрокаи умум ва минтақаҳои истироҳатӣ, нисбати иҷрои нақшаи дастаҷамъона мубориза бар зидди бемории ҳорӣ маълумот доданд.

Комиссияи фавқулодаи зидди эпидемиологӣБаҳри таъмини риоя ва меъёрҳои амалкунанда тибқи қонунҳои ҷории ҶТ ба масъулони соҳаҳо аз ҷониби муовини Раиси шаҳр Ғайратҷон Оқилов дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.