zoofirma.ru

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва  кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо мақсади ҳамкорӣ намудан бо шахсони дорои таҷрибаи бойи ҳаётӣ дошта, қадрдонии меҳнати онҳо, баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, эҳтироми  насли калонсолон ва собиқадорони ҳизб, рушди ҷомеа дар раванди рӯзгордорӣ, эҷодкорӣ, ҳунармандӣ, тарғиб ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами шахсони барӯманд дар шаҳру шаҳракҳо, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, тайёр  намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақил ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ маҳфили навбатии «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз» бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии «Сирдарё» бо иштироки занон, оилаҳои барӯманд, собиқадорони ҳизб, ҳунармандон ва ҷавонон баргузор гардид.

Дар маҳфил раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия Муяссар Раҳимова, мудири  бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандони шаҳр  Наргис Маҳмудзода дар бораи 25-солагии таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳуқуқи зан ва пешгирии омилҳои зӯроварӣ дар оила,  танзими анъана ва ҷашну маросим, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ибрози андеша намуданд.

 

Собиқадорони ҳизб Каромат Қосимова, Саодат Пӯлодова, Мусаллама Рашидова, Ойниссо Раҳматова ва  муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Нуруллоева Санавбар ба иштирокчиён оид ба ҳаёту фаъолияти худ, таҷрибаи ҳаётиашон нақлҳои ҷолиб ва ибратбахш намуданд. Равзанаи пурсиш ва посух бо оилаҳои барӯманд, ҳунармандону ҷавонон хеле ҷолиб ҷараён гирифт. Барномаҳои адабӣ-фарҳангӣ ба маҳфил ҳусну таровати хоса бахшида, табъи иштирокчиёнро болидахотир намуд.

Ҳунармандони касбу кори гуногун дар шаҳрак ҳунарҳои хешро ба намоиш гузошта, аз эълон гардидани Солҳои 2019-2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сипосгузории хешро ба Пешвои муаззами миллат баён намуданд.

Дар хотимаи маҳфил ба оилаҳои барӯманд, бонувони фаъоли ҲХДТ ва оилаҳои ҷавон туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон супорида шуданд.