zoofirma.ru

Дар маркази «Алишер»-и шаҳри Гулистон ба муносибати 33-солагии бартарафсозии садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил ҷамъомад бо иштироки чернобилчиён баргузор гардид.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзодаро ба ин муносибат манзури чернобилчиён намуд. Зикр гардид, ки 33 сол муқаддам дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фалокате, садамае ба вуқӯъ пайваст, ки он ҳар як фарди соҳибидрокро бетараф нагузошт.

Дар натиҷаи таркиш дар блоки чоруми Неругоҳи атомии Чернобил ба атмосфера 60-80 тонна сӯзишвории атомӣ партофта шуд. Дар ин лаҳзаҳои мудҳиш сокинони Тоҷикистон низ худро дар канор нагирифта, баҳри мадад ба сокинони офатдида ва тоза намудани минтақаи зарардида бо амри дил тавассути комиссариатҳои ҳарбӣ ва идораҳои сохтмонӣ шитофтанд. Аз Тоҷикистон бо даъвати комиссариатҳои ҳарбӣ дар солҳои 1986-1991 беш аз 4500 сарбози эҳтиётӣ, аз ҷумла аз шаҳри Гулистон 50 нафар барои рафъи оқибати марговари Чернобил сафарбар карда шуда буданд.

Инчунин  зиёда аз 1000 нафар ҷавонони тоҷик, ки ҳангоми адои хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ буданд, барои рафъи оқибатҳои фалокат ба Чернобил сафарбар гардиданд. Онҳо низ дар баробари сарбозони миллатҳои дигар мавзеъҳои бекасу шуохӯрдаро аз моддаҳои радиоактивӣ тоза карда, атрофиёнро аз ин заҳри қотил наҷот доданд.

Дар фарҷом барои иштирокчиёни бартарафсозии садамаи Чернобил дасторхони идона густурда шуда, ба иштирокчиён ва оилаҳои аз ин садама бепарастор монда кумаки яквақтинаи молиявӣ супорида шуд.