zoofirma.ru

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва пешгирии болоравии нархҳо дар бозорҳои истеъмолӣ рӯзи 27-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Гулистон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар асоси нақшаи тасдиқшуда дар чорабинии мазкур намояндагони хоҷагии деҳқонии шаҳри Панҷакент (2,7 тонна картошка, 0,8 тонна сабзӣ ва 0,5 тонна пиёз), ноҳияи Ҷаббор Расулов (0,5 тонна сабзӣ, 2,0 тонна пиёз, 0,3 тонна сабзавот), идораи корхонаи фаръии хӯроквории вилояти Суғд (0,5 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 0,1 тонна шарбати мева) ва соҳибкорони шаҳри Гулистон (1,1 тонна картошка, 0,8 тонна сабзӣ, 1,3 тонна пиёз, 0,2 тонна гӯшти гов, 0,1 тонна ҳасиб, 0,3 тонна сабзавоти гуногун, 0,3 тонна биринҷ, 0,7 тонна мева ва 1000 дона тухм) дар маҷмӯъ зиёда аз 12,3 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва марвиди ниёзро бо нархҳои нисбатан ба марказҳои савдо арзон пешниҳод намуданд.

 

Бояд зикр намуд, ки дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳри Панҷакент, идораи корхонаи фаръии хӯроквории вилояти Суғд аз ҷумла; ҶДММ “Азимов Илҳом”, ҶДММ “Раҳмон” ва соҳибкорони шаҳр фаъолона иштирок намуданд.