zoofirma.ru

Дар доираи моҳвораи ҷавонӣ дар шаҳри Гулистон тибқи қарори раиси шаҳри Гулистон аз 24-уми апрели соли 2019, №93 «Дар бораи гузаронидани «Ҳафтаи иштироки толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон» бо мақсади  дар оянда таъмин намудани эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос, ташкили захираи кадрҳо ва дарёфти истеъдодҳои нав бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз 6 то 11 майи соли 2019 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр «Ҳафтаи иштироки толибилмони муассисаҳои миёнаи умумии шаҳр дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон» ифтитоҳ гардид.

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр интихоби довталабон барои иштирок дар Ҳафтаи худидоракунӣ дар асоси озмун ба роҳ монда шуд. Дар озмун беш аз 40 нафар толибилмони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таълимии шаҳр, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, иштирок намуданд.

Мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр Саидахон Аҳмадзода дар назди иштирокчиён сухан ронда, доир ба ҳадафу мақсадҳои ҳафтаи мазкур сухан ронд. Зикр гардид, ки тибқи Низомнома ҳафта бо мақсади таҳким бахшидан ба самаранокии татбиқи сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ва ҷалби онҳо ба идоракунии сохтори мақомоти давлатӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Ҳамчунин, дар давоми ҳафта машғулиятҳо дар мавзӯъҳои “Асосҳо ва принсипҳои хизмати давлатӣ”, “Феҳристи мансабҳои давлатӣ ва категорияҳои мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ”, “Вазъи ҳуқуқии хизматчии давлатӣ”, “Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гузаронида мешавад. Давоми шаш рӯз иштироки бевоситаи толибилмон дар иҷрои вазифа амалӣ мегардад. Ҷиҳати баланд бардоштани масъулиятнокии иштирокчии ҳафта роҳбари асосӣ дар оғози фаъолияти корӣ аз рафти иҷрои супоришҳои рӯзи гузашта ҳисоботи шифоҳӣ талаб мекунад. Дар рӯзи шашум иштирокчиёни ҳафта оид ба иштирок ва иҷрои вазифа дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳаҷми 2-3 саҳифа ҳисобот пешниҳод менамоянд. Дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ба 20 нафар иштирокчиёни ҳафта Гувоҳномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба иштирок дар “Ҳафтаи иштироки толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон” дар вазъи тантанавӣ супорида мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон