zoofirma.ru

Бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар кӯдакистони “Парасту” дар байни панҷ дастаи муассисаҳои таълимии томактабӣ  озмуни шаҳрии “Офарин” баргузор гардид.

Озмун аз рӯи панҷ шарт дар байни дастаҳо хеле шавқовар ва муташаккилона ба вуқӯъ пайваста, тарбиятгирандагон дар онҳо ҳунару малака, чусту чолокӣ ва маҳорати худро намоиш доданд. Дастаҳои “Суғдиён”, “Парасту”, “Офтобак”,  “Ситора”, “Наргис” дар озмун натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда,  дастаи кӯдакистони “Суғдиён” ғолиби озмуни шаҳрии “Офарин” гардид.

Ба иштирокчиён ва ғолибони озмуни шаҳрӣ туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд.