zoofirma.ru

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии навбунёди «Зардолузор»-и шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода таҷлили Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид.

Дастпарварони муассисаҳои томактабии «Парасту», «Офтобак», «Суғдиён» ва «Ситора» дар намоишгоҳҳои идона намунаи ҳунарҳои дастони пурэъҷози худро гузошта,  бо рақсу сурудҳои дилнишин ва саҳначаҳои ҷолибу ҷаззоб ба таҷлили худ ҳусну шаҳомати хосса бахшида, шодиву сурури даврони истиқлолияти давлатӣ намуданд. Махсусан, саҳначаҳои ҷолиби дастпарварони кӯдакистони «Офтобак» «Роғун месозем», намоишномаи «Ватанам Тоҷикистон»-и боғчаи «Ситора», саҳначаи ҷолиби «Хӯрокпазӣ»-и дастпарварони кӯдакистони «Суғдиён» ва намоишномаи дастпараврони боғчаи «Парасту» ба ҳозирин хеле писанд омада,  ба ҳунару санъати онҳо сокинон кафкӯбиҳои пурмавҷ намуданд.

Ҳамзамон, намоиши ҳунарҳои мардумии аъзои маҳфилҳои мактаби таҳсилоти иловагӣ ва хонандагони гимназия ба иштирокчиёни тантанаҳои иди кӯдакон хеле писанд омад.

Дар ҷараёни азназаргузаронии ҳунарҳои дастпарварони муассисаҳои томактабӣ Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба ҳар як иштирокчии иди кӯдакон туҳфаҳо тақдим намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Гулистон