zoofirma.ru

“Ваҳдати миллӣ – таҳкимбахши саодати халқ!” - Ин унвони ҳамоиши илмӣ-адабӣ буд, ки бо иштироки зиёда аз 150 нафар омӯзгорон дар шаҳри Гулистон доир шуд.

Ҳамоишро кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва шуъбаи маорифи шаҳр дар якҷоягӣ ташкил намуда, ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ бахшида шуд.

Дар ҳамоиш раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мутриба Бобоҷонова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов, муовини раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Санавбар Нуриллоева, директори Маркази рушди истеъдодҳо Аҳлиддин Абдураҳмонов ва намояндагони соҳаи маорифи шаҳр маърӯзаҳо намуданд.

Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ 22 нафар аз фаъолон, пешқадамони соҳаҳои гуногун ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд. 10 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимӣ барои иштироки фаъолона дар озмуни “Лоиқхонӣ” қадрдонӣ гардиданд.