zoofirma.ru

Тибқи нақшаи чорабинии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, бо мақсади таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа ва мубодилаи таҷриба байни мақомоти кор бо занон ва оила чорабинии сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатӣ таҳти унвони «Корвони модарони Ваҳдатсаро» дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Меҳмононро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ва сокинони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” дар даромадгоҳи шаҳри Гулистон гарму ҷӯшон истиқбол намуданд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд ва бахши занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Меҳмонон аз мактаби набунёди санъат, маркази атласу адрас дар ҷамоати шаҳраки Сирдарё, осорхонаи шаҳри Гулистон ва аз вазъи буду боши сарбозони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании 45025 дидан намуданд. Шоми ҳамон рӯз дар осоишгоҳи Баҳористон барномаи марғуби фарҳангиву фароғатӣ аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои меҳмонон намоиш дода шуд.