zoofirma.ru

Дар толори мактаби санъати шаҳр Пленуми IV Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Гулистон доир гардид. Доир ба фаъолияти Шӯро дар давоми шаш моҳи соли равон ва вазифаҳои он оид ба таҷлили 75-солагии Рӯзи Ғалаба раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова маърӯза намуд.

Дар музокира раиси ташкилоти ибтидоии шаҳраки Конcой Зулхумор Холиқова, раиси ташкилоти ибтидоии муассисаҳои тиббии шаҳр Олимҷон Султонов баромад карданд. Доир ба раванди коргузорӣ ва муҷаҳҳазнамудани утоқҳои кории ташкилотҳои ибтидоии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат котиби Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ҳайдар Муродов сухан ронд. Доир ба ин масъала раисони ташкилотҳои ибтидоии шаҳраки Адрасмон ва Сирдарё Орифҷон Муллоҷонов ва Анварҷон Атаев мубодилаи афкор намуданд. Доир ба масъалаҳои баррасишуда Пленум қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Дар кори Пленуми Пленуми IV Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Гулистон муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати видояти Суғд Шавкат Алиев ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода иштирок ва суханронӣ намуданд.