zoofirma.ru

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қарори Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода аз 17-уми июни соли 2019 № 143  оид ба даъвати иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон ба тасвиб расида, баргузории он санаи 26-уми июни соли равон таъин гардидааст.

Вакилони иҷлосияи нуздаҳум тибқи қарори мазкур масъалаҳои зеринро баррасӣ менамоянд: рафти иҷрои қарории Раиси вилояти Суғд аз 28-уми марти соли 2018, №67 “Дар бораи  эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Гулистон, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Хисрав», №17 Муҳаммадзода Мӯмин оид ба ваколатҳои вакилӣ, Дар бораи ба фурӯш гузоштани истироҳатгоҳи “Қайроққум”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон