zoofirma.ru

Ба ифтихори 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ҷамъомади ботантана ва консерти идона бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳои тобеъ, роҳбарони корхонаву идора, ташкилоту мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва  фаъолони шаҳр доир гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшид. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳаким Ҳакимзода табрикоти  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро манзури гулистониён намуд. Зикр гардид, ки 27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими тақдирсози миллату давлат ба вуқӯъ пайваста, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ин рӯзи муборак рост омад, ки он дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи Роҳбари муаззами мо амалӣ гардид. Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад. Раванди сулҳофарӣ дар кишвар ва татбиқи бомуваффақияти андеша ва ғояи Ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки дар расидан ба сулҳ ва рушди босуботи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ ва таъйинкунанда доранд.

Боиси сарбаландист, ки кулли сокинони Гулистон низ дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботиҷомеа якдилу якҷон иштироки фаъолона доранд. Имрӯз симои шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик” тарҳи нав ва замонавӣ гирифтааст. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ, ки шаҳри Гулистон яке аз нишонаҳои барҷастаи он ҳамчун шаҳри дӯстии халқҳо маъруф аст, дар ҷодаи таҳкими Ваҳдату Истиқлолияти Ватани азиз устуворона қадам мезанад.

Санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва санъаткорони номдори вилоят ба ҳозирин барномаи рангини консертиро таҳти унвони «Тараннуми Ваҳдат» манзур намуданд.