zoofirma.ru

Дар толори бахши ҳифзи муҳити зист ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки аъзои Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо доир гардид.

Дар ҷаласа ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт: ҷамъбасти ҳисоботи Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шашмоҳаи соли 2019 ва тасдиқи нақшаи Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии вахдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ.

Дар бораи фаъолияти Шӯрои шаҳрии Ҳаракат дар шашмоҳаи аввали соли 2019 котиби Шӯро, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода маърӯза намуд.

Дар музокира раиси ташкилоти ибтидоии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистони ҷамоати шаҳраки Сирдарё Ғолиб Юлдошев, раиси ташкилоти ибтидоии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии шаҳр Гулсанам Пӯлодиён ва раиси Шӯрои кӯҳансолони Шӯрои шаҳрӣ Анвар Атаев иштирок намуда фаъолияти Шӯроро дар шашмоҳаи аввали соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Муовини Раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Санавбар Нуриллоева роҷеъ ба вазъи кунунии ҷаҳони муосир вобаста ба равандҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки мисоли ганҷи бебаҳо бар ивази ранҷу машаққати зиёд, талошу тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонбозиву қурбонии садҳо ҳазор фарзандони фидоии миллат ибрози андеша намуд.

Баъдан лоиҳаи нақшаи фаъолияти Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро барои нимсолаи дуюми соли 2019 иборат аз 16 банд мавриди таҳия қарор гирифта, бо тағйиру иловаҳо тасдиқ карда шуд.

Дар кори ҷаласаи ҳисоботӣ намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Дилором Ҷабборова иштирок ва суханронӣ намуд.