zoofirma.ru

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми шашмоҳаи аввал ба маблағи 1 миллиарду 565 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз 33 корхонаи саноатии шаҳр 22-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,0% то ба 2 маротиба зиёд таъмин карданд.

Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр бо 16 давлатҳо ҳамкорӣ намуданд. Маблағи маҳсулоти содиротии корхонаҳои саноатӣ 63,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ҳамчунин, маблағи маҳсулоти воридотӣ ба 13,5 миллион доллари амрикоӣ баробар буда, фарқияти содирот аз воридот 4,7 маротиба зиёд шудааст.

Доир ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Пас аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли арматура - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Маҳмуди Компания” бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхона ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуд.

Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ боз 4 корхонаи дигар ба фаъолият оғоз намуданд: сехи чӯҷабарорӣ бо иқтидори 3 ҳазор сар дар як сол; ҶДММ “Висол 2010” - бо иқтидори истеҳсоли 6,2 тонна нон ва маҳсулотҳои нонӣ; ҶДММ “Ноқилҳои Суғд” - бо иқтидори истеҳсоли 125,4 километр ноқил); ҶДММ “Ганҷи Сомон” - бо иқтидори истеҳсоли 895 тонна хӯроки чорво. Дар корхонаи саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 28,7 фоизро ташкил дод.

Дар давоми соли 2018 ва шаш моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 115 иншоот ба маблағи 264,9 миллион сомонӣ сохтмон, бунёд, тармим ва азнавсозӣ гардидааст.

Дар давоми соли 2018 тибқи нақшаи чорабиниҳо бояд 40 иншооти таъиноташ гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ ба нақша гирифта шуда, дар натиҷа 63 иншооти ҷашнӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар давоми шаш моҳи соли 2019 тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ҳудуди шаҳр сохтмон, бунёд, тармиму таҷдид ва азнавсозии 71 иншоот пешбинӣ гардида, дар давоми шаш моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳр ва шаҳракҳои тобеи он 61 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Алҳол, корҳо дар ин самт идома дорад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ифтитоҳи кӯдакистони “Парасту” ва Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 31-уми марти соли 2019 ба вуқӯъ пайвастанд.

Бахшида ба эълон гардидани Солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳр дар як вақт имконияти қабул намудани 2015 нафар сайёҳон дар осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил» ва урдугоҳи «Шоҳин» мавҷуд аст. Инчунин 4 меҳмонхона фаъолият бурда, имконияти дар як вақт қабул намудани 237 нафар меҳмононро доро мебошанд.

Дар нимсолаи якуми соли равон 2704 меҳмонони хориҷӣ ва 9445 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳҳо, урдугоҳ ва марказҳои солимгардонии шаҳр ташриф оварданд. Дар маҷмӯъ дар нимсола 14997 нафар сайёҳон, аз ҷумла 2972 нафар сайёҳони хориҷӣ истироҳат намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2125 нафар зиёд мебошанд.

Ҳаҷми маблағи воридшуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13, 5 миллион сомониро ташкил дод, ки аз он 3,1 миллион сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд.

Бояд қайд кард, ки аз ҳисоби осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳои шаҳр 4,3% ҳиссаи буҷети давлатӣ иҷро мегардад, ҳиссаи туризм дар хизматрасониҳои пулакӣ бошад ба 46,4% баробар мебошад.