zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии № 15 “Қайроққум” Матлубахон Амонзода ва дар маҷлисгоҳи ҶМТКММ «Апрелевка»-и шаҳраки Консой вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи «Адрасмон», №16 Бахтиёр Маҷидов бо интихобкунандагон доир гардид.

Муҳтавои мулоқот марбут ба истиқболи сазовори ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу эзоҳи мазмун ва мундариҷаи қарорҳои иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд буда, дар мулоқот собиқадорони меҳнат, намояндагон муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, бонувону ҷавонон, фаъолон ва интихобкунандагон иштирок намуданд.

Дар раванди вохўрӣ вакилон доир ба истиқболи сазовори ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба фарҳангу суннатҳои миллӣ, ғояи миллӣ, хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, дастовардҳои даврони истиқлолият, аз ҷумла ободониву бунёдкорӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрониҳо намуданд.

Пас аз суханронии вакилон дар ҳавзаи “Қайроққум”, №15 интихобкунандагон Биомина Мирзоева, Сурайё Турдиалиева, дар ҳавзаи «Адрасмон», №16 интихобкунандагон Шомирзо Шомиров, Машраб Сангинов, Муҳаббат Сафарова баромад намуда, доир ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф заданд.