zoofirma.ru

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҷамъомади ботантана доир гардид. Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзодаро ба ифтихори Рӯзи варзишгарон манзур намуд. Зикр карда шуд, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои гуногуни варзиш дар кишвар рушд намуда, варзишгарони тоҷик имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ иштирок ва қуввасанҷӣ намоянд.

Бо мақсади солимгардонии ҷисмонии насли наврас дар шаҳр як мактаби варзишии бачагон ва наврасон фаъолият дорад. Дар мактаби варзишӣ аз рӯи қариб 10 намуди варзиш сексияҳо амал менамоянд. Баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди шаҳр 51 майдончаи варзишӣ ва 34 майдончаи бозии кӯдакона, 6 ҳавзи шиноварӣ, 9 варзишгоҳ, 25 толори варзишӣ амал мекунанд, ки дар як вақт имконияти қабули беш аз 1200 нафар наврасону ҷавононро доро мебошанд.

Бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону бунёд ва азнавсозии беш аз 30 толору майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона ба нақша гирифта шудааст. Дар давоми шаш моҳи соли равон 6 майдончаҳои варзишӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо варзишгарони шаҳр дар давоми нимсолаи якуми соли равон дар 9 мусобиқаҳои дохилимактабӣ ба гирифтани 511 медал, дар 15 мусобиқаҳои шаҳрӣ ба гирифтани 208 медал, дар 5 мусобиқаҳои вилоятӣ ба гирифтани 34 медал, дар 2 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 48 медал, 1 чемпионати ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 3 медал мушарраф гардиданд. Аз теъдоди умумии медалҳо 289 медали тилло, 261 медали нуқра ва 254 медали биринҷӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ варзишгарони гулистонӣ давоми шаш моҳи соли 2019 соҳиби 804 медал гардиданд.

Дар интиҳо ба собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони варзида сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд.