zoofirma.ru

Ба ифтихори Иди саиди Қурбон ва бо мақсади мусоидат намудан дар танзими нархҳои бозор ва бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти гӯштӣ, кишоварзӣ ва маводи ниёзи мардум дар бозори марказии шаҳри Гулистон ярмаркаи фурӯши маҳсулот ташкил карда шуд.

Дар ярмарка намояндагони хоҷагиҳои деҳќонии ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳри Панҷакент ва корхонаву муассисаҳо, соҳибкорони шаҳр маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешкаш намуданд.

Ҳамзамон, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 2 тонна гӯшт бо нархҳои арзон ба сокинон пешкаш гардид. Дар маҷмӯъ дар ярмарка–фурӯш беш аз 31 тонна маҳсулот ба сокинон пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, 8 тонна картошка, 4 тонна сабзї, 7,5 тонна пиёз, 0,7 тонна биринҷ, 0,5 тонна меваҷот, 2 тонна сабзавоти гуногун, 3 тонна орд, 6 ҳазор дона тухм, 400 литр равѓан, 100 кг маҳсулоти ќаннодї, 4,5 тонна маҳсулоти полезї бо нархҳои нисбатан арзон ба сокинон манзур гардид.