zoofirma.ru

Таблиғи тарзи ҳаёти солимМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ба самти татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Дар ин раванд идрорпулиҳо, роҳхат ба таҳсил дар макотиби олӣ, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил, қитъаи замин муқаррар шуда, сол то сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда меафзояд.

Ҷиҳати самаранок гузаронидани вақти ҷавонон ба варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим эътибори алоҳида дода мешавад.

Бо иқдоми Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дар оғози сол қарор «Дар бораи эълон намудани рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ» таҳти №1, аз 5 январи соли 2015 ба тасвиб расида буд. Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳри Қайроққум» силсилачорабиниҳои солонаи варзиширо дар ин ҷода амалӣ менамояд. Ҳафтаи сипаригардида дар кӯчаи ба номи М.Турсунзода мусобиқаи футбол, дар МТМУ-и №8, шаҳраки Сирдарё мусобиқаи волейбол гузаронида шуд. Дар толори варзишии МТМУ-и №10, шаҳраки Зарнисор бошад мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои бокс, волейбол ва футбол доир гашт.

Таблиғи тарзи ҳаёти солимДар МТМУ-и №3, шаҳраки Консой бо дастгирии ҶМ ТКММ «Апрелевка» мусобиқаи футбол басо шавқовар ташкил ва гузаронида шуд. Варзишгарони адрасмонӣ маҳорати хешро дар мусобиқаҳои волейбол, бокс ва футбол нишон доданд. Ҷавонони маркази шаҳр ба мусобиқаҳои варзишӣ оид ба дастхобонӣ, гуштини тарзи юнонӣ-рӯмӣ ҷалб карда шуданд. Ҷалби теъдоди зиёди иштирокчиён дар ин чорабиниҳо далели онанд, ки ҷиҳати солимгардонии ҷомеа ва ба варзиш фаро гирифтани насли наврасу ҷавонон, ки яке аз самтҳои  асосии фаъолияти Ҳукумати ҶТ оид ба сиёсати ҷавонон мебошад дар шаҳри Қайроққум тадбирҳо роҳандозӣ мешавад.