zoofirma.ru

Набзи шаҳракҳоАДРАСМОН

Дар ҷамоати шаҳраки Адрасмон, дар яке аз мавзеъҳои басо дилкашу ҷолиб ва афсонавӣ осоишгоҳи муосири ҳамном «Адрасмон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, шароит фароҳам овард, ки 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд.

Осоишгоҳи «Адрасмон» бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Мамлакат Ғафурова ва Бахтиёр Ҷӯраев мавриди истифода қарор гирифта, қаблан 12 нафар сокинон аз оилаҳои камбизоат ба табобату истироҳат фаро гирифта шуданд. Табобатгирандагон бархӯрдор аз тамоми шароитҳои истироҳативу фароғатӣ мебошанд.

* * *

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ин ҷо боз як маркази зообойторӣ низ ба истифода дода шуд. Дар шаҳрак беш аз 1 ҳазору 100 сар чорвои калони шохдор ва 5 ҳазору 700 сар чорвои хурди шохдор мавҷуд аст, ки минбаъд аз хидмати ин маркази зообойторӣ баҳраманд хоҳанд шуд.

* * *

Набзи шаҳракҳо

Анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои қадимаи ниёгон дар ҳамаи ҷамоати шаҳракҳои шаҳри Қайроққум ҳам бо шарофати самари соҳибистиқлолӣ эҳё мешаванд. Ба фаъолият оғоз бахшидани Маркази истеҳсолии қолинбофӣ дар ин шаҳрак шаҳодати гуфтаҳои болост. Акнун 40 нафар занону духтарон дар ин марказ қолинбофию сӯзанидӯзӣ ва кешбофиро омӯхта, соҳиби  шаҳодатнома хоҳанд

шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум баҳри ҷалби бештари занону духтарон ба касбомӯзӣ тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд. Зеро дар шаҳрак беш аз 8 ҳазор нафар бонувон истиқомат доранд, ки аксарияти онҳо айни замон бешуғл ҳастанд.

 

Набзи шаҳракҳоСИРДАРЁ

«Соли 2015 – Соли идомаи роҳҳои обод» буда, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1,1 км роҳи асосии маркази шаҳраки Сирдарё пурра бо дастгирии шаҳрвандон мумфарш хоҳад шуд, ки ин иқдом оғоз ёфт.

Дар ҷараёни оғози кор Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода ширкат варзиданд.

* * *

Набзи шаҳракҳоҲамчунин бо кӯмак ва дастгирии Раиси шаҳр таъмири асосии бинои Ҷамоати шаҳраки Сирдарё  бо маблағгузории 90 ҳазор сомонӣ аз ҷониби бинокорони ҶСК «Ориана-Л» бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.  Бино аз 8 утоқ ва толори маҷлисгоҳ иборат мебошад.

* * *

Маркази таълимии атласу адрасбофӣ бо ҳадафи амалисозии дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳраки Сирдарё низ ба фаъолият оғоз кард.

Набзи шаҳракҳоБарои Марказ аз ҷониби Раиси вилоят ройгон ду адад таҷҳизоти адрасбофӣ тақдим гардид. Соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммад Саидбоев, сарвари ҶДММ «Чархи гандумин» бошад, аз ҳисоби худ маҳсулотҳои бофандагиро таъмин кард. 20 нафар занону духтарони ҳунарманд бо ҷои корӣ таъмин гардиданд. Тавре мураббии Марказ Адолат Ҳоҷиева иттилоъ дод, дар таъсис ва ташкили Марказ баробари кӯмаки Ҷамоати шаҳраки Сирдарё, ҳамчунин шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маркази касбомӯзии шаҳри Қайроққум ҳиссаи арзанда доранд. Муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода зимни баромади хеш таъкид дошт, ки 4 мошини дарздӯзӣ аз ҳисоби Раиси вилоят ба Маркази касбомӯзӣ ройгон тақдим хоҳад шуд.