zoofirma.ru

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимои давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои моливу молиявӣ мерасонад.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маросими анъанавии супоридани либосҳои мактабӣ ба мактаббачагон аз оилаҳои ниёзманд ба вуқӯъ пайваст. Дар ибтидо зикр гардид, ки соли нави таҳсили 2019-2020 дар шароити зиндагии осоишта ва фаъолияти созандаи мардум дар арафаи ҷашнҳо ва рӯйдодҳои муҳим оғоз меёбад. Масъулин хонандагонро бо оғози соли нави таҳсили 2019-2020 табрик намуда, ба мактабиён хониши хубу аъло таманно намуд.

Қобили тазаккур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо ташкилоту идораҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ дар кор хайр – дастгирии қишри ниёзманд саҳми назаррас дошта, дар ҳар иду маросимҳои ҷашнӣ чунин иқдомро пеша мекунанд.

Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Дониш ба беш аз 200 нафар ятимони кулл, бачагон аз оилаҳои ниёзманд сарулибоси мактабӣ тақдим карда шуд.